Махзани санадҳои меъёрии ҳуқуқии «Гумрук» сарчашмаи иттилоотӣ ҷиҳати дастрасӣ ва омӯзиши қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба ҳисоб меравад.
Сомонаи мазкур барои доираи васеи истифодабарандагон ҷиҳати дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ дар самти қонунгузории гумрук ва қонунгузории ба он алоқаманд равона гардидааст. Сомона хусусияти иттилоотӣ дошта, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи ин ё он меъёри ҳуқуқӣ ҳамчун меъёр аз сарчашмаи расмии матни санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ масъулият надорад.
Сарчашмаи иттилооти мазкур моликияти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо истифода аз он, Шумо розигии худро бо шартҳои зерин изҳор медоред:
Манбаи иттилоотии мазкур объекти ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ маҳсуб ёфта, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. Истифодабаранда иттилооти аз сарчашмаи иттилоотии мазкур бадастовардаро метавонад танҳо барои мақсадҳои шахсӣ истифода намояд.
Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди истифодабарандагон барои ҳамагуна зарар ё зиёне, ки дар натиҷаи нопуррагӣ ё нодурустии иттилооти сомона ё дар натиҷаи қарори қабулшуда ё амали содиршудаи Шумо ё шахсони сеюм дар робита ба иттилооти сомонаи мазкур ба вуқуъ омадааст, ҷавобгарӣ ба зимма надорад.